Нокомии самбочиён
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ширкати паҳлавонони тоҷик дар риштаи самбо барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Беларус, ки дар шаҳри Минск ба анҷом расид, натиҷаи дилхоҳ надод. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар қатори намояндагони 20 кишвар паҳлавонон Акмалиддин Каримов (57 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Сайфиддин Раҷабов (74 кг), Абдуваҳҳоб Сатторов (82 кг) ва Бобури Насимҷон (90 кг) ҳунарнамоӣ карданд.Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Беларус бо 15 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Русия (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи дуввум ва тими Қазоқистон (1 тилло, 2 нуқра) дар ҷойи севвум қарор гирифтанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






