Нолаи ҷойнамоз

Февраль 23, 2012 16:41

Нолаи ҷойнамоз(Нахезад нолаҳо аз най, ки то мағз андарун бошад) Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Рўзе гузарам аз назди масҷиде буд. Чун то ҷойи рафтанам роҳ дароз буд, хостам назди Хонаи Худо тавақкуф созам. Таҳорат кунам, сипас намоз гузорам ва ба роҳ бароям. Вориди масҷид шудам, аввал ба таҳоратхона рафтам аз байни офтобаву обгирҳои пароканда офтобаеро интихоб карда, ба он об гирифтам. Парокандагию бетартибии обгиру офтобаҳо гувоҳӣ медоданд, ки нафарони бофарҳанг ва маданӣ гўё ба ин мавқеъ қадам назада бошанд. Чиркинии гирду атроф ва мавқеи таҳоратхона маро ба хиҷил овард. Ба тоза шудан, пок кардани бадан даромадаму худро хеле эҳтиёткорона аз ифлосиҳо ҳифз мекардам. Тахмин мерафт, ки масъулин мазмун ва моҳияти ин мавқеъ ва нукоти покшавии мусулмононро баъд аз гузашти 1400 сол ҳанўз дуруст дарк накардаанд. Гарчанде бадан ва либоси худро эҳтиёткорона аз ифлосиҳо эмин доштам, вале бўйу тафи он мавзеъ ва ҳоҷатхонаро яқин бо худ нигоҳ доштам. Эҳ… дар бораи ҳоҷатхона маҷоли гуфтан ва ёд овардан нест… Вориди саҳни масҷид шудам, ҳанўз ки вақти намоз набуд, касе ҳам аз намозгузорон он ҷо ҳузур надошт. Хостам ду ракъат намози таҳияи масҷид гузораму роҳамро идома диҳам. Ба гўшам садое расид. Садо ба назарам аз роҳҳои дури дур маҳин ва хеле паст меомад. Чун касе дар масҷид набуд, фикр кардам садои шамоли дохили масҷид аст, ки аз қабати тирезаҳои он аҳёнан вориди масҷид шуда, дар чордеворӣ ва нақшу нигорҳои он бархўрда, ба гўши шунаванда форам ва бо сабки дилкаш садо медод… Ин садо тамоми вақти намоз мисли навҳае аз дуриҳои дур гоҳ баланду гоҳ паст ба гўшам мерасид. Пас аз итмоми намоз лаҳзае хомўш нишастам… Бо диқкат гўш кардам. Ба фикрам садо аз зери по ва гирду атроф оҳиста – оҳиста баланд мешуд… Худоё, наход ҳамин гилеми мисли ҷойнамоз барои ҳар як намозхон ҷудошуда, аз ҳар як қисматаш садо мебарорад. Бодиққат гўш карда, зеҳн мондам… Тавба кардам… саҷдагоҳи банда нолиш мекард…: «Эй Офаридгори Замину Осмон, эй Офаридгори инсу ҷон, эй Холиқи ҷумла мавҷудот. Эй Парвардигори оламиён: ин чӣ азият аст, ин чӣ вазнинист, ки ба мо насиб дидӣ. Моро ба мақоми мулоқоти худ баргузидӣ, ваъда додӣ, ки покизатарину ботақвотарин мардумон- мўъминон ба рўи ту нишаста, ба саҷдагоҳи ту сар монда, тоати Худованди худро ба ҷой меоранд. Амр кардӣ, ки туро макони бахшиши гуноҳҳо, гўшаи баёни розҳо, хилвати ифшои муҳаббат, мавқеи ислоҳи инсонҳо гардонида, покизатарин инсонҳоро дар гўшаҳои ту ҷой медиҳам… Мо бо таъиноти худ байни ҳама ашё фахр доштем, ки чунин гўшаи покизаю поккунандае ҳастем. Вале имрўз ба чӣ ҳол гирифторем… Мо касонеро рўи худ мебардорем, бо нафаси касоне рў ба рў мешавем, ки на танҳо зоҳир, балки ботини онҳо фарсахҳо аз қадимиён тафовут доранд… Дузд, ғоратгар, фиребгар, бефарҳанг, ҳақоратчӣ ва дурўяю мунофиқ хеле зиёд меоянду бо ҳиллаҳои сохтаю зоҳирпарастии худ моро азият медиҳанд… Мушкил он нест, ки онҳо ба намоз ва Хонаи Худо меоянд, мушкил он аст, ки онҳо бидуни тағйирот меоянду мераванд… Вазнинӣ он аст, ки меояну мераванд, вале дигаргун намешаванд, ботинан тағйир намеёбанд… Ба назар чунин менамояд, ки меҳмонони хонаи Худо (албатта, на ҳамаашон) аз меҳмонӣ бебаҳра мегарданд. Чанд ҳафта пеш як савдогари дурўғгўе аз бозор рўи ман истода, намоз гузошт. Чун бори аввал ўро дидам, ба завқ омадам, ки аз кардаҳо пушаймон шуда, ба даргоҳи Худованд рў овардааст. Ҳамроҳи ў зикр кардам, ки дуояш мустаҷоб шавад. Зораю тавалло кардам, ки Худоё инсофаш деҳ, роҳи ўро сўи ман канда накун, ростию адлро дар дасту забонаш ҳувайдо гардон ва амалашро барои кори хайр ва дастгирии мўҳтоҷон тақвият бахш… Хурсанд шудам, баъди ду рўз ў боз ба масҷид омад ва рўи ман ҷой гирифт. Чун сар ба саҷда омад, бадани манро ларза фаро гирифт, ки ин дурўя навакак барои чор танга шуда, чанд нафар мўъмину мусулмонро, аз ҷумла пиразани муштипари танҳо, зани бесаробони соҳиби шаш ятимро фирефта, килои гўшт ва қандро кам дода, нархро бо номи Худованд қасам хўрда, қимматтар аз будаш нишон додаст… Ҳайрон шудам, ки пас чаро ў боз ба масҷид омад, шояд барои ислоҳ шудан? Боз ҳамроҳаш зикр кардам ва аз даргоҳи Худованд тавфиқаш пурсидам. Рўзи дигар боз ў ба Хонаи Худо омаду рўи ҳамсояи дасти чапам ҷой гирифт… Ва инак навҳаи дилхароши ин ҳамсояам низ ҷонгудоз аст… Вай беинсоф қабл аз ин ҷо омадан зани беваеро, ки се нафар ятими маъюб дораду ҷое кор накарда, шабонгаҳ назди мағозаҳоро рўфта, чанд сомоние барои нони ин маъюбон мегирифт, фирефтааст. Ҳарчанд зан хоҳиш кардааст, ки маҳсулотро бист дирам арзон кун, ки ба ҳар се маъюбон бирасад, ў розӣ нашуда, гуфтааст: чӣ ман барои ятимони ту кор мекунам!!? Пас яқин кардам, ки ў ба масҷид на барои зикр, омўрзиш ва ислоҳи камбудӣ таҳти таъсири дуоҳои мо, балки ба хотири сухани Имом омадааст. Зеро Имоми масҷид доимо мардумро бо лаҳни зебо ба масҷид даъват карда, ба намозгузорон ваъдаҳои зиёд аз каломи Худованд, ҳадисҳо ва ҳатто ривоятҳои ҷолибе меорад. Наход Имом ҳам ин ҳамаро намедида бошад… Ба сухан ҷойнамози ҳамсоя ҳамроҳ шуда, эътироз кард: «Эй, ту содда будаӣ. Ту намебинӣ, ки Имоми мўҳтарами мо бо масъулин аз пайи ҷамъ кардани маблағҳои сандуқи хайрияанд. Барои онҳо муҳим нест, ки кӣ ба масҷид меояд. Муҳим он аст, ки чанд пул ба сандуқ меандозам. Агар чунин намебуд, ў доим аз байни аҳкоми шаръӣ нукта ва зарурати ба масҷид омаданро таъкид карда, ба дигар паҳнои ҳикмат ва одоби масҷид рафтани мўъмин низ диққат медод. Вале ў боре ҳам дар бораи сифатҳои мўъмини намозхон ва масҷидрав ҳарф намезанад…» Ҷойнамози сеюм риштаи суханро гирифта, гуфт: «Рост мегўӣ дўсти азиз. Агар чунин набошад, чаро ў ҷор мезанад, ки касе ба масҷид ояд, аз ҳама гуноҳҳо пок мешавад, гуноҳҳои онҳо шуста мешавад. Чӣ коре накунед, куҷое набошед, вақти намоз ба масҷид оед, зеро аҷри он бузург аст. Аз ин хотир ин гунаҳгорону дурўғгуён, ки ба фиреби мардум гирифторанд, фикр мекунанд, ки бо ба масҷид рафтани худ, худро аз чунин ифлосиҳо пок мекунанд. Аз ин рў боз беибо кори худро идома медиҳанд ва ҷавр ба ҷони мардум намуда, қавонини исломиро низ зери по мегузоранд…» Ҷойнамози дигар, ки ғарқи навҳаи худ буд, бо хашм гуфт: «Эҳ агар чунин яктарафагии даъвати ин Имом намебуд, се тифли деҳаи боло ятим намешуду падари онҳоро, ки сактаи дил дошт, сари вақт ба беморхона мебурданд… Он ронандаи беинсофи автобус, ки дирами зиёдатӣ аз мизоҷон мегирад, ҳангоми гузаштан аз назди масҷид бо илтифоти сухани Имом худро дар биҳишт тасаввур карда, автобусро сари роҳи калон кундаланг монда, рўи ман ҷой гирифт. Ронандае, ки падари ин ятимонро ба беморхона мебурд, чанд муддате мунтазир шуда… илоҷи аз роҳ гузаштанро наёфта, ниҳоят тани беҷони ўро ба назди духтурон бурд. Пас аз ин ҳодиса чаро нола накунам…» Ҳамин тавр паси якдигар садоҳои қисматҳои мухталифи саҷдагоҳи масҷид баланд мешуд… Тоқатам тоқ шуда, ба саҷдагоҳи худ назар кардам, ки гўё зери лаб пичиррос мезад: «Инаш ҳам ба фикрам пайи дигарон на барои моҳиятан мусулмон будан, балки зоҳиран худро чун мусулмон муаррифӣ кардан омадааст ва ё…» Баданамро ларза фаро гирифт ва аз ҷо бархоста ва ғарқи андеша рў ба сўи баромад кардам… Аз байни садоҳо садои фораме аз дасти рост баландтар садо дод: «Эҳ ёдам нест, чанд рўз пеш як нафаси ботақвое ва як пешонаи мубораке, як порсо ва хирадманде рў ба ман гузошта, Худованди бузургро ибодат кард, ки аз сидқу вафо ва поктинатиаш зикраш ба фалак то даргаҳи офаридгор бипечид… Вале дирўз инчунин шахс ба ҳамсояи ман насиб гардид, ки то ҳол хурсандӣ дорад». Инак, чанд муддат аст, ки банда сари андешаи ба масҷид рафтан бо хулқу атвори худ даст ба гиребонам. Худоё маро ва ман баринҳоро шафоат фармо ва қулфи дари дил ва амали моро ба роҳи нек, роҳе, ки ту баргузидаӣ, боз намуда, ба сўи роҳи баргузидаат мардуми мусулмони Тоҷикистонро ҳидоят фармо…Менуи Хирад

Февраль 23, 2012 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад