Нуриддин Давронов: як қадам то Бундеслига
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Нимҳимоятгари клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби ҷумҳурӣ Нуриддин Давронов имрӯзҳо аз назари мутахассисини клуби футболи «Энергия»-и Олмон, ки дар Бундеслигаи дуввум ҳунарнамоӣ мекунад, санҷида мешавад. Дар сурати мақбул шудан ӯ метавонад бо ин даста шартномаашро ба имзо расонида, минбаъд дар ҳайати он бозӣ кунад. Нуриддин Давронов бо ин мақсад аз шаҳри Белеки Туркия ҳайати дастаи мунтахабро тарк карда, ба Олмон сафар кард.Нуриддин Давронов дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи мамлакат дар финали бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар Куриё (соли 2007,U-17) ширкат кардааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






