Оқил Оқилов : «Корҳои геологиро дар Шоҳамбарии ғарбӣ оғоз намоед»
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҳайати намояндагони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром»-и Русия бо сарварии аъзои Шӯрои ҷамъият Всеволод Черепанов ва директори идоракунандаи «Газпром интрнатсионал» Валерий Гулев мулоқот кард. Дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҷараёни корҳо ва рафти татбиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром» мавриди муҳокима қарор дода шуд.Хотиррасон бояд кард, ки дар айни ҳол аз ҷониби ҶСК «Газпром» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои пармакунии чоҳҳо дар майдони ояндадори нафту гази «Сариқамиш» анҷом дода мешаванд. Тавре ки таъкид шуд, ҷараёни корҳои пармакунӣ дар чоҳҳои майдони ояндадори нафту гази «Сариқамиш» мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, тибқи нақша дар соли равон ба анҷом расонида хоҳад шуд. Оқил Оқилов аз ҳайати намояндагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» даъват ба амал овард, ки ҷараёни корҳои пармакуниро дар майдони ояндадори нафту гази «Сариқамиш» вусъат бахшида, ҳарчи зудтар ба анҷом додани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар майдони ояндадори нафту гази Шоҳамбарии ғарбӣ шурӯъ намоянд. Ҳайати намояндагони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» изҳор доштанд, ки барои иҷрои таклифу пешниҳодоти аз ҷониби Тоҷикистон ба миён гузошта шуда тадбирҳои зарурӣ андешида, дар оянда доираи ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон густариш хоҳанд бахшид.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






