Омодагӣ ба мавсими кишт
Суғд, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ идома дорад. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки зиёда аз 12 ҳазор гектар замини обӣ мавҷуд аст, то ин муддат 9 542 гектар шудгор карда шудааст, ки 71,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин 20 ҳазор тонна пору ворид шуда ва 16 ҳазору 814 тоннаи он ба замин пошида шуд, 653 тонна чигити навъҳои «Неъмат», «Фарғона-3», «Кармен» барои кишт тайёр аст. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бо заводҳои пахтаи ҶСК «Пахтаи Пролетар», «Истиқлол» ва «Ғӯлакандоз», ки маблағгузорӣ барои маводи зарурии кишт аз тарафи ин сармоягузорон сурат мегирад, шартнома хоҳанд баст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






