Озмуни «Ватанпарвар»
Суғд, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бо ташаббуси Ҷамъияти мададгори мудофиа, раёсати маориф ва комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан дар толори варзишии «Далерон»-и вилояти Суғд озмуни ҳарбию варзишии «Ватанпарвар» доир гардид.Дар озмун хонандагони зиёда аз 40 мактабу литсейи шаҳр иштирок намуданд. 12 даста аз рӯи 6 намуд донишу маҳорати хешро дар мавриди қисмҳои аслиҳаи ҷангӣ, сангбардорӣ, турниккашӣ, тирпарронӣ ва арғамчинкашӣ нишон доданд.Ҳадаф аз баргузории озмун таҳким бахшидан ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омодагӣ ба машқҳои пеш аз даъвати ҳарбӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва арзишҳои бузурги миллӣ мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






