Озмунии вилоятии «Касби ман–ифтихори ман»
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова) — Дар бинои Литсеи касбию политехникии шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Касби ман–ифтихори ман» байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки чорабинии мазкур бо мақсади ҷалби хонандагону донишҷӯёни лаёқатманд ба донишу касбомӯзӣ, дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, тарғиби васеи масъалаҳои касбӣ, муайян намудани беҳтарин мутахассисон, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва рушди маънавиёти ҷавонон гузаронида шуд. Аз рӯи иттилои манбаъ, ҷои аввал насиби Равшан Раҳматов- муҳассили литсеи касбӣ-политехникии шаҳри Хуҷанд гардид, ҷои дуюмро Хушвақт Катабеков, муҳассилини Омӯзишгоҳи касбиютехникии ноҳияи Зафаробод ва ҷои сеюмро Ҳалимҷон Мансуров, муҳассили Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд ишғол намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаю ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






