Павлюченко дар «Локомотив»
Душанбе, 1 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари дастаи мунтахаби Русия ва «Тотенҳем»-и Англия Роман Павлюченко ба дастаи «Локомотив»-и Маскав мегузарад. Дар бораи маблағи шартнома маълумоти дақиқ ба нашр нарасидааст. Роман дар ҳайати асосии дастаи «Тотенҳем» ҷои худро пайдо накард ва аз ин рӯ зарур шуморид, ки ба дастаи дигар гузарад. Бердиев истеъфо мехостСамураббии дастаи «Рубин»-и Қазон Қурбон Бердиев аз роҳбарияти дастаи «Рубин», ки солҳои зиёд дар он ҳамчун сармураббӣ ифои вазифа мекард, истеъфои худро хостааст, вале роҳбарони даста розӣ нашудаанд. Сабаби ба ин амал даст задании Бердиев норозӣ будани ӯ бо сиёсати интихоби бозингарони нав ва харидорӣ кардани онҳо аз ҷониби президенти клуб Дмитрий Самаренкин мебошад. Расонаҳо хабар медиҳанд, ки пас аз ҷаласаи дирӯза таҳти роҳбарии президенти Тотористон Рустам Минихонов ин масъала роҳи ҳалли худро ёфтааст ва ҷонибҳо ба ифоқа омадаанд. Погребняк ба Англия меравадДушанбе, 1 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари дастаи мунтахаби Русия ва «Штутгарт»-и Олмон Павел Погребняк дирӯз шартномаи худро бо клуби «Фулҳем» -и Англия ба имзо расонид ва то охири мавсими ҷорӣ дар ҳайати ин даста бозӣ мекунад. Ӯро «Штутгарт» ба клуби «Фулҳем» иҷора додааст ва шартномаи Погребняк бо «Штутгарт» имсол ба поён мерасад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






