Паёми табрикии Э.Раҳмон ба муносибати 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ

Февраль 22, 2012 13:18

Паёми табрикии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба муносибати 19-умин солгарди таъсисиҚувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонМўҳтарам афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!Ҳамватанони азиз!Ҳамаи шуморо ба ифтихори 19-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас — ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа комёбиву барори кор орзу менамоям. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷўҳи доимии Ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрўз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерўи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокорона ва далерона хизмат кард. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ба номи муҳофизони шуҷои Ватан ва эҳтироми мардуми кишвар на ҳар кас мушарраф шуда метавонад. Зеро ин касби душвор, вале пурифтихор аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ нияти нек, садоқат ба Ватан – Модар, виҷдони пок ва дили гармро тақозо мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон имрўзҳо низ ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, бо кадрҳои баландихтисос такмил додани сафҳои онҳо, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсӣ диққати махсус зоҳир менамояд.Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ўҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд. Бори дигар ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳо, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва халқи Тоҷикистонро ба муносибати рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба ҳомиёни воқеии кишвар саломативу хонаободӣ, дар ҳифзи осудагиву оромии Ватан барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям. Идатон муборак, муҳофизони далеру шуҷои Ватан! Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Февраль 22, 2012 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест