Рӯзи хотираи ҷанговарони интернатсионалист таҷлил мешавад
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон ва Маркази илму фарҳанги Русия 15 феврал мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон» бахшида ба Рӯзи хотираи ҷанговарони интернатсионалист баргузор мегардад.Дар кори мизи мудаввар, олимон, муаллимон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи ВКД, Донишкадаи ҳарбӣ ва Литсейи Вазорати мудофиаи ҶТ, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок менамоянд.Дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои вазъияти зисту фаъолияти ҷанговарони интернатсионалист, тарбияи ҳарбию ватандӯстонаи ҷавонон, доир намудани озмунҳои суруд, мусобиқоти шоҳмотбозон ва тадбирҳои дигар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар ин бора аз Маркази илму фарҳанги Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






