«Роҳи сафед» барои муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки «Эсхата» барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва онҳое, ки хоҳиши ба хориҷа сафар карданро доранд, тартиби қулайу осон ба даст овардани маблағро пешниҳод мекунад.Тавре сардори раёсати қарздиҳии Бонки «Эсхата» Носирҷон Орифов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, барномаи нави «Роҳи сафед» ба мизоҷони худ барои хариди чиптаҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва воситаҳои дигари нақлиётӣ пул қарз медиҳад.Чиптаҳоро бо усули ҳисоби нақдӣ ва ғайринақдӣ ба даст овардан мумкин аст. Ҳамчунин ба манзури дастгирии муҳоҷирони меҳнатие, ки ба хориҷа сафар карданианд, давраи имтиёздори пардохти қарз фароҳам оварда мешавад, ки он се моҳро дар бар мегирад. Мувофиқи суханони манбаъ, маблағи қарз аз 100 то 1000 доллари ИМА ё муодили сомонӣ буда, мӯҳлати пардохти он то 12 моҳ мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






