Робитаҳои иқтисодӣ бо Эрон густариш меёбанд
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Шароити сармоягузории эрониён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон 22 феврали соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамоиш баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд. Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ҳамидуллохон Фақеров ва коршиноси бахши иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Баёнӣ дар мавриди густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳарду кишвар сухан карданд. Инчунин намояндагони ду кишвари бо ҳам дӯст дар мавзӯъҳои «Робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои охир» ва «Нақш ва аҳамияти шаҳракҳои саноатӣ дар иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дурнамои ҳамкориҳои соҳибкорони эронӣ дар эҷоди шаҳракҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф заданд. Бояд гуфт, ки дар ҳошияи ҳамоиш вохӯрии соҳибкорони ҶТ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назар аст, ки он 24 феврали соли равон баргузор мегардад.