Санҷиши рекламаҳои берунӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи андоз

Февраль 22, 2012 17:25

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Мутобиқи муқаррароти моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003, №34 реклама- ин иттилоотест, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо доир ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо ахбори рекламавӣ паҳн мешавад ва барои доираи васеъи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо ва хизматрасониҳо мусоидат менамояд.Дар ин замина, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа» аз 28 июли соли 2006 таҳти №197 барои насби рекламаи берунӣ дар шакли дигар пардохти ҳатмӣ – андози маҳаллӣ муқаррар карда шудааст, ки сархати 5 банди 3 моддаи 82 Қонуни мазкур «Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардонидани маблағи супоридашудаи пардохт»-ро муайян намудааст. Мутобиқи талаботи банди 1 моддаи 82 ҳамин Қонун давра ва мӯҳлати пардохт барои рекламаи берунӣ моҳи ҳисоботӣ муқаррар карда шудааст.Ҳамзамон мутобиқи сархати 9 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» зери мафҳуми барандаҳои рекламаи берунӣ плакатҳо, стендҳо, овезаҳои номалавҳҳои мунаввар ва воситаҳои дигари техникӣ, ҷойгиркунии устувори он дар ҳудудҳои муайянро маънидод намуда, сархати охирини моддаи 14 ҳамин Қонун паҳн намудани рекламаи беруниро бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ, бино, иншоот ва дигар ҷойҳо муқаррар месозад.Ба ҳамин тариқ, қонунгузории ҷорӣ «навиштаҳо, номгӯй ва номалавҳҳо» -ро чунонки дар болои дари дӯконҳо, мағозаҳо, дорухона ва дигар ҷойҳои дорои хусусияти маишӣ барои муаррифии ҷойи муайяншуда овехта мешаванд, аз ҳайати объектҳои рекламаи берунӣ хориҷ карда, зиёда аз ин, қисми 2 моддаи 80 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар падохтҳои ҳатмӣ» муқаррар кардааст, ки «Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои рекламаи берунӣ, ки бинобар иҷро намудани вазифаҳои худ онҳоро ҷойгир намудаанд, пардохт намесупоранд». Муқаррароти мазкур бори дигар ба он далолат менамояд, ки ба истиснои мақомоти давлатӣ ва навиштаҳо, номгӯй ва номалавҳҳои мазкур дигар тамоми субъектҳо барои объектҳои рекламаи берунӣ дар шакли плакатҳо, стендҳо, таблоҳои нурафкан, билбордҳо, транспарантҳо, эълонҳо, воситаҳои дигари техникӣ ва дигар объектҳои рекламаи берунӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама бояд пардохтҳои ҳатмӣ супоранд.Гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба пардохти андоз ҷалб намудани субъектоне, ки ба рекламаи берунӣ фаъолият доранд, як қатор корҳои назоратӣ гузаронида, дар ин самт конуншиканиҳои зиёдро ошкор кард. Натиҷаи санҷиш дар ҶДММ “ИОНА” нишон дод, ки корхона дар биноҳои “Кохи Ҷомӣ” ва “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” шаш моҳ боз ҳамчун иҷоранишин барои истифодаи намоиши филмҳои ҳунарӣ, гузаронидани семинару конфронсҳо ва ғайра фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Корхонаи мазкур барои ҷалби бештари мизоҷон дар шафати сирки давлатӣ, филармонияи давлатӣ, бинои Кохи Ҷомӣ ва “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” овезаҳои характери рекламавӣ доштаро васл кардааст.Чунон ки дар рафти корҳои назоратӣ муайян карда шуд, корхонаи зикршуда маблағи андози рекламаи беруниро барои билбордҳое, ки дар шафати Сирки давлатию филармонияи давлатӣ васл кардааст, пардохт намуда, аммо барои овезаҳое, ки дар Кохи Ҷомӣ ва “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” дар масоҳати зиёда аз 57 метри мураббаъ ҷойгир намудааст, андоз пардохт накардааст ва дар бораи мавҷуд будани пардохт барои рекламаи берунӣ аз ин ҳисоб тасаввурот надорад. Дар натиҷаи корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид ва нисбат ба субъекти мазкур пардохтҳо барои рекламаи берунӣ ба маблағи 7200 сомонӣ ҳисоб карда шуда, ба буҷа ворид шуд.Дар баробари ин, корҳои назоратӣ дар кӯчаи Сино- 42, ноҳияи Сино дар бинои 16 ошёна нишон дод, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Баҳовуддин Собиров молҳои толори мебели “Сорбон” ба муддати 2 моҳ дар масоҳати 36 метри мураббаъ ҳамчун реклама ҷойгир карда шудааст, ки аз ин ҳисоб маблағи пардохт барои рекламаи беруниро насупоридааст. Акобир Камолов, ки худро ҳамчун шахси мутасаддии толори мебел шинос кард, варақаи пардохти пулро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод карда натавонист. Аз гуфтаҳои Акобир Камолов бармеояд, ки дар бораи пардохти рекламаи берунӣ ба муассисаи рекламаи берунӣ аз тарафи соҳибкор муроҷиат карда шудааст, вале аз чӣ бошад ки ҳуҷҷатҳои лозимӣ дар ин самти фаъолият умуман мавҷуд нест. Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соҳибкори номбурда 2000 сомонӣ барои рекламаи берунӣ ба сифати андози иловагӣ ҳисоб карда шуд. Кумитаи андоз тасмим гирифтааст, ки дар рӯзҳои наздик ҳар як субъекти ба фаъолияти рекламавӣ машғулбударо мавриди таҳлилу санҷиш қарор дода, воридоти маблағҳоро аз ин ҳисоб ба буҷа дуруст ва пурра таъмин намояд. .

Февраль 22, 2012 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест