Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Душанбе, 9 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз сармураббии нави тими мунтахаби мамлакатро эълон кард. Камол Алиспахичи босниягии 46- сола, ки соҳиби литсензияи дараҷаи PRO мебошад, минбаъд дастаи мунтахаби кишварамонро машқ хоҳад дод. Дар навбати худ федератсия ба сармураббии пешинаи дастаи мунтахаб Олимҷон Рафиқов барои хизматҳояш изҳори сипос намуд. Олимҷон Рафиқов минбаъд дастаи «Истиқлол»-ро машқ дода, онро ба бозиҳои ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё омода мекунад. Ба иттилои ноиби президенти ФФТ Валерий Турсунов, Камол Алиспахич ҳамчун бозингар дар дастаҳои «Сараево», «Железничар» (Сараево), «Слобода» (Ужитсе, Сербия), «Дуйсбург» (Олмон), «Кайсериспор» (Туркия) ва «Лозанна-Спорт» (Швейтсария) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчун мураббӣ аз соли 1997 дастаҳои «Лозанна» (U-21, Швейтсария), ФК «Этагниерес» (Швейтсария), «Железничар» (Босния ва Ҳертсоговина), «Сараево» (Босния ва Ҳертсоговина), «Сабо» (Эрон), НК «Единство» (Бихач, Босния ва Ҳертсоговина), «Муғон» (Саляни,Озарбойҷон) ва «Ал-Иттиҳод» (Ҳалаб, Сурия)-ро машқ додааст. Ҳамчун сармураббӣ се маротиба унвони чемпионӣ ва ҷоми Босния ва Ҳерсоговинаро ба даст оварда, ду маротиба барандаи ҷоми бузург шудааст ва як маротиба соҳиби ҷоми Сурия гардидааст. Мураббии босниягӣ бори нахуст бо дастаи Тоҷикистон рӯзи 29 феврал дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон бо дастаи мунтахаби Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд ширкат меварзад ва дастаи моро ба бозиҳои ҷоми даъвати АФК роҳнамоӣ мекунад








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






