Саршумори чорвои калони шохдор афзуд
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – То моҳи январи соли ҷорӣ шумори чорвои калони шохдори Тоҷикистон баробари 85 ҳазору 600 сар афзуд, ки ин назар ҳамин давраи соли гузашта 4, 2 фоиз зиёд аст.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, то 1 феврали соли равон шумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи ниҳодҳои хоҷагиҳо 1 миллиону 959 ҳазору 800 сарро ташкил дод. Дар давраи гузашта шумораи бузу гӯсфанд баробари 115 ҳазору 100 сар, ё 2,7 фоиз афзуд. Аз ҷумлаи саршумори умумии чорво ҳиссаи хонаводаҳои аҳолӣ 91,8 фоизро ташкил медиҳад.Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи ниҳодҳои хоҷагиҳо то 1 феврали соли 2012 беш аз 8 ҳазору 200 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоиз зиёд аст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






