Семинарҳо дар мавзӯи аудити дохилӣ
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молияи ҶТ якҷоя бо лоиҳаи Комиссияи аврупоии «Дастгирии назорати дохилию молиявии давлатии Тоҷикистон» барои омӯхтани шаклҳои нави тартиби пешниҳоди гузоришҳои аудиторӣ аз рӯи натиҷаи тафтишоти аудиторӣ мувофиқи дастурҳои методии Вазорати молияи ҶТ семинарҳои амалӣ доир мекунад.Тавре аз маркази матбуоти идораи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастурҳои методӣ мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар сектори давлатӣ» ва меъёрҳои касбии байналмилалии аудити дохилӣ тарҳрезӣ шудаанд. Семинарҳо аз 14 то 24 феврал барои мутахассисони аудити дохилии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ доир мегарданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






