Семинари илмию амалӣ
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 29 феврал дар шаҳри Душанбе семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Муҳокимаи омӯзиши вазъи системаҳои экологии об ва тағйири иқлими мамлакат» баргузор гардид. Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Ойхон Шарифова ва сардори раёсати ҳавосанҷӣ Анвар Ҳамидов, намояндагони вазоратҳои энергетика ва саноат, мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра ширкат доштанд.Дар ҷараёни семинар роҳбари Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии муҳити зист Неъматулло Сафаров зикр намуд, ки вақтҳои наздик бояд қонунгузорӣ дар масъалаҳои минтақаҳои ҳифозати об, аз ҷумла афзун намудани иқтидор ҷиҳати нигоҳ доштани системаҳои экологии обу соҳилҳо дар чаҳорчӯбаи Муоҳада дар бораи ҳавзу ботлоқҳо, коҳиш додани хавфи ифлосшавии кимиёӣ ҳавзу обанборҳо, ҳамчунин воқиф намудани аҳли ҷамъият аз аҳамияти системаҳои экологии обу соҳилҳо ва усулҳои ҳифзи онҳо такмил дода мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






