Шартнома кафолати ҳуқуқи шумост
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аризаи яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз болои ширкати «Арт Клин Сервис»-и Федератсияи Русия перомуни надодани 20 ҳазор рубли музди меҳнаташ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Азбаски шаҳрванди Тоҷикистон бо ширкати мазкур дар асоси шартнома (қарордод) кор мекард, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР А. Урунов далели напардохтани музди меҳнати шаҳрванди Тоҷикистонро аз тарафи корхона дар асоси шартнома (қарордод) тасдиқ намуда, маблағи аз тарафи ширкат пардохтнашударо ба ӯ баргардонид. Мақсад аз овардани як мисол ҳушдор додани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аст, ки онҳо бо корфармо бидуни шартнома (қарордод) набояд фаъолияти худро ба роҳ монанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






