Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои навсозии шаҳри Душанбе
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои навсозии як қатор роҳҳо ва бунёди биноҳои сершумори нав дар шаҳри Душанбе шинос шуда, барои ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти шаҳрдорӣ ва симои пойтахт ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Доир ба татбиқи лоиҳаҳои навсозии роҳҳо ва бунёди биноҳои сершумори нав дар пойтахт ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар шахсони масъул ахбор доданд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии қисмати ғарбии шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки аз назди пайкараи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи Ҳисор дар масофаи 5 км сурат мегирад, аз ҷумла зикр гардид, ки ин роҳ аз 10 хатти ҳаракат, яъне 5 хаттӣ ба ду самт иборат хоҳад буд. Дар ду чорроҳа, ки дар ин қитъаи роҳ дар буришҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ бо кўчаҳои Сино ва Ҷаббор Расулов, яъне дар назди пайкараи Абуалӣ ибни Сино ва дар маҳаллаи 82-юм қарор доранд, роҳҳои сеқабата сохта мешаванд, то ки воситаҳои нақлиёт беисту таваққуф ба чор самт ҳаракат кунанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи навсозии ин қитъаи роҳро маъқул шумурда, дастур дод, ки кор ҳарчи зудтар оғоз карда шавад. Барои татбиқи ин лоиҳа 28 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷабл карда шудааст. Тавре ки иттилоъ дода шуд, роҳи хиёбони Неъмат Қаробоев низ аз буриши ин хиёбон бо кўчаи Ҷомӣ ё аз маҳаллаи 46 – ум то бозори Корвон то охири соли равон навсозӣ шуда, дорои 10 хатти ҳаракат, 5 хаттӣ ба ду самт хоҳад шуд. Навсозии роҳҳо дар бисёр кўчаю хиёбонҳои дигари пойтахт низ идома меёбад. Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба кори сомонаи иттилоотии хизматрасониҳои коммуналии шаҳри Душанбе, ки дар суроғаи «mometavonem.tj» амал мекунад, ҷалб карда шуд. Тавре ки аён гардид, ҳар як сокини пойтахт дар сурати қатъ гардидани хизматрасониҳои коммуналӣ, аз қабили хомўш шудани барқ, наомадани об, рух додани садама ва ғайра метавонанд бевосита ба ин суроға бо SMS ба рақами +992988-93-33-33 ё тавассути почтаи электронии admin@mometavonem.tj муроҷиат карда, аз масъулони навбатдор посух бигиранд. Беҳбудии кор дар он аст, ки шаҳрвандон на ба идораҳои гуногун, балки доир ба ҳамаи хизматрасониҳои коммуналӣ ба як ҷо муроҷиат карда, иҷрошавии дархосташонро ба таври шаффоф назорат мекунанд. Ҳамин тариқ, рафти иҷрои арзу шикоят ва дархостҳои шаҳрвандон ҳамчунин аз ҷониби роҳбарият ва масъулини шаҳрдорӣ ба таври шаффоф назорат карда мешавад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои биноҳои сершумори бисёрқабатаи истиқоматӣ, иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, беморхонаю осоишгоҳҳо ва марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ, ки бо талаботи шаҳрсозии муосир таҳия гардидаанд, шинос шуда, таъкид дошт, ки корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то ки пойтахти кишвар барҳақ ба як шаҳри дилкашу замонавӣ табдил ёбад. Аксари ин биноҳо дар кўчаю хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Бухоро, Истаравшан, Турсунзода, Сурхоб ва ғайра бунёд хоҳанд ёфт. Хотиррасон бояд намуд, ки аз соли 2005 то имрўз дар шаҳри Душанбе бо маблағи умумии 156 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ татбиқ шудаанд. Ин маблағҳо бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи 46 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад ва соли равон татбиқи 2 лоиҳаи дигар бо маблағи 43 миллион доллари амрикоӣ оғоз меёбад. Дар солҳои 2012 ва 2013 дар шаҳри Душанбе 6 лоиҳаи сармоягузории ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии он 91 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Дар солҳои 2012 ва 2013 дар шаҳри Душанбе як мактаби нав барои 1354 хонанда дар як баст ва 4 бинои иловагӣ дар мактабҳои мавҷуда бунёд ёфта, 5 мактаби дигар навсозӣ мешавад ва танҳо дар соли 2012 барои беш аз 2 ҳазор хонанда дар як баст синфхонаҳои нав омода мегарданд. Тайи 2 сол дар маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахт 24 майдончаи варзишию дилхушӣ барои кўдакон бунёд меёбад. То соли 2014 1 беморхонаи бузурги соҳавӣ бо осоишгоҳи замонавӣ ва 1 маркази нави саломатӣ бунёд ёфта, 4 муассисаи тиббии дигар навсозӣ хоҳанд шуд. 2 соли наздик дар пойтахт дар баробари марказҳои сершумори тиҷорату хизматрасонӣ даҳҳо биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ бунёд меёбанд, ки дар қабатҳои поёнӣ ва зеризаминии онҳо марказҳои хизматрасонии маишӣ ва таваққуфгоҳҳои нақлиётӣ ҷойгир мешаванд. Мавриди зикри хос аст, ки аксари биноҳои истиқоматӣ ва иншооти истеҳсолию хизматрасонии пойтахт аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҷалби сармояи хусусии дохилию хориҷӣ бунёд меёбанд.Тавре ки иттилоъ дода шуд, тибқи нақша тавассути корҳои созандагию бунёдкорӣ соли 2012 дар пойтахт 20800 ва соли 2013 20900 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад, ки нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.