Системаи энергетикӣ мувофиқи реҷаи пешбинишуда кор мекунад
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Системаи энергетикии Тоҷикистон бо вуҷуди идома ёфтани ҳавои сард мувофиқи реҷаи пешбинишуда кор мекунад. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои халқи ҷумҳурӣ ҳар шабонарӯз беш аз 50 миллион киловатт – соат қувваи барқ мегиранд, ки ин назар ба меъёри миёнаи солона баробари 450 – 500 ҳазор киловатт – соат зиёд аст.Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ШКСХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони манбаъ, шабонарӯзҳои гузашта маҷрои дарёи Вахш 147 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод. Бар асари сардии ҳаво ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 5 сантиметри мукааб ва нисбат ба меъёри миёнаи солона баробари 46 сантиметри мукааб кам аст. «Системаи энергетикии Тоҷикистон аҳолиро даъват менамояд, ки ҳар киловатт — соати қувваи барқро самарабахш истифода баранд. Бекор намудани реҷаи додани барқ вобаста ба шароити мусоиди обу ҳаво ва афзоиш ёфтани маҷрои оби дарёи Вахш аст», — қайд намуд манбаъ.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






