Сомонаи беҳтарини Наврӯзро кӣ месозад?
Душанбе, 23 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз»-ро эълон менамояд. Тибқи иттилои Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, дар озмун хонандагону донишҷӯён, муассисаҳои таълимӣ, шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, метавонанд ширкат варзанд. Озмун 29 март ҷамъбаст шуда, ғолибон бо ифтихорномаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, тӯҳфаҳои арзанда ва мукофоти нақдӣ қадрдонӣ мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки озмунро Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии «Интернет», Фонди «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», ҶДММ «Вавилон-Т», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Тселл» баргузор менамояд. Хоҳишмандон имкон доранд маълумоти иловагиро аз Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия тавассути телефонҳои 227-28-37, 221-33-63 ва нишони электронии E-mail: markazi-tik@maorif.tj дастрас намоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






