Таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносону олимон
Душанбе, 10 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади мукаммалсозии низоми мавҷудаи идораи системаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар пойтахт гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисон ва коршиносони мустақили соҳа таъсис дода шуд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, гурӯҳи кории мазкурро Олимҷон Бобоев, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ менамояд. Ба гурӯҳи корӣ супориш шудааст, ки тӯли як моҳ масъалаи низоми мавҷудаи идораи системаи нақлиёти мусофиркашонии пойтахтро мавриди пажӯҳиши амиқ қарор дода, сохтор ва роҳҳои нави беҳтар сохтани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро таҳия ва ба Раиси шаҳр манзур созанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






