Татбиқи лоиҳаи «Кони Мансури Калон»
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи сеюми комиссияи ҳуқуматии тендерӣ доир ба гузаронидани тендери байналмиллалӣ барои дарёфти ҳуқуқи азхудкунии комплексии захираҳои «Кони Мансури Калон» баргузор шуд.Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмиллалии молиявӣ иштирок намуда, доир ба баргузории тендери байналмиллалӣ ва татбиқи лоиҳаи азхудкунии комплексии захираҳои «Кони Мансури Калон» фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд. Тавре ки таъкид шуд, бо татбиқи лоиҳаи азхудкунии комплексии захираҳои «Кони Мансури Калон» вазъи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардида, шумораи зиёди ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Оқил Оқилов барои дар сатҳи баланд гузаронидани тендери байналмиллалӣ ва корҳои ташхиси иқтисодию техникии «Кони Мансури Калон» ба роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор дошт, ки барои татбиқи лоиҳаи аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ манфиатовари азхудкунии комплексии захираҳои «Кони Мансури Калон» тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






