Тоҷикистон ба низоми нави баҳисобгирии муҳоҷират мегузарад
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вақтҳои наздиктарин дар Тоҷикистон низоми автоматии баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони ҶТ ва давлатҳои хориҷӣ ба кор медарояд. Тартиби гузаштан ба низоми нав дар семинари муштараки кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.Дар семинар ба масъалаҳои таълими меъёрҳои ҷаҳонӣ бобати ҷамъоварӣ ва табодули маҷмӯи маълумот перомуни муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳдошти ҳамкорӣ барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва таъмини рафту омади мусоиди шаҳрвандони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинар ба баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон, дар мавриди зарурат ба санадҳои амалкунандаи меъёрию ҳуқуқӣ ворид намудани тағйироту илова ва тарҳрезии муштараки тартиби нави ҳамкорӣ мусоидат намуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






