Тоҷикистон боз бо як давлати нав муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дирӯз дар шаҳри Ню – Йорки Амрико маросими ба имзо расонидани баённомаи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷазираҳои Соломон баргузор гардид. Ин ҳуҷҷатро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Сироҷиддин Аслов ва намояндаи доимии Ҷазираҳои Соломон дар СММ Колин Бек имзо намуданд.Сафирон баъди маросими имзои баённома аз рӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни ҳар ду кишвар табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






