Тоҷикстандарт барномаи рушди озмоишгоҳҳоро амалӣ менамояд

Февраль 13, 2012 15:22

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ “Ховар”, Покиза Маҳмадбекова). – Бо мақсади такмил додани тартибу ташхиси маҳсулот ва харҷи ками вақт барои ташхис дар соли ҷорӣ дар Агентии Тоҷикстандарт ду методи нави стандартонидашудаи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ бо истифодаи таҷҳизоти замонавии нишондиҳандааш дақиқ ҷорӣ карда шуд.   Ба мухбири АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Агентии Точикстандарт иттилоъ доданд, ки барои ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот ҳангоми воридоти он ба кишвар ва дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин вобаста ба татбиқи марҳалаи аввали ислоҳоти стратегияи инфраструктураи сифат ва низоми танзими техникӣ Барномаи рушди озмоишгоҳҳоро ба нақша гирифтааст. Дар ин робита Тоҷикстандарт тасмим гирифт, ки бо дастгирии Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар миқёси Осиёи миёна ягона мақомоти салоҳиятдор доир ба аккредитатсияи озмоишгоҳҳо буда, аз тарафи Созмони байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳ (ILAC) ваколат гирифтааст, боз 3 озмоишгоҳҳои дастгоҳи марказӣ ва марказҳои вилояти Суғду Хатлонро низ аз рўи талаботи стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025:2007 аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронад. Бояд гуфт, ки Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Агентии Тоҷикстандарт ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд, ки тибқи он маркази номбурда Тоҷикстандартро ҷиҳати аъзо намудан ба созмони байналмилалии аккредитатсия дастгирӣ ва пешбарӣ менамояд. Аз ин лиҳоз намояндагони ин созмони байналмилалӣ дар Агентии Тоҷикстандарт ҳузур доранд ва пас аз гузаронидани озмоишҳо тавсияҳои худро барои гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ пешниҳод менамоянд. Дар ин самт инчунин Агентӣ гузаронидани чунин корҳои аккредитатсиониро дар озмоишгоҳҳои маркази Тоҷикстандарт дар ВМКБ, минтақаи Кўлоб ва дигар марказҳои зертобеи худ амалӣ менамояд. Метавон гуфт, ки боз 3 озмоишгоҳи ташхиси маводи ғизоии Агентӣ ва марказҳои вилоятии он барои гирифтани ваколати байналмилалӣ омодаанд ва дар маҷмўъ Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, ки марҳила ба марҳила ҳамаи 14 озмоишгоҳи марказҳои зертобеи худро, ки дар манотиқи гуногуни мамлакат фаъолият доранд, аз ин аккредитатсия гузаронад. Пас аз гузаштани ин тартибот хулосаҳои протоколии озмоишгоҳҳои номбурдаро 70 мақомот аз 58 давлати мутараққии ҷаҳон эътироф мекунанд ва ин барои дохил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат самараи хуб медиҳад.

Февраль 13, 2012 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд