Зироатҳои маҳаллӣ бояд ҳифз шаванд
Хоруғ, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Олимон солҳои охир собит намуданд. ки барои ба даст овардани навъҳои нави зироатҳо дар бахшҳои генетикаю селексия бояд ба сифати маводи аввалия — шаклҳои мухталифи генетикии пайдоишашон эътибор дода шавад. Ба гуфти доктори илмҳои кишоварзӣ, муовини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи биологии Помир А.Қ. Абдуламонов, навъҳои маҳаллии зироатҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷараёни таҳавулотро дар шароити хосаи муҳити берунаи Кӯҳистони Бадахшон сипарӣ намуда, шакли муайянро пайдо карда ва арзи вуҷуд кардаанд. Ҳанӯз солҳои 70 – уми асри гузашта таҳти сарпарастии мудири лабораторияи генетикаю селексияи растаниҳо, номзади илмҳои биологӣ Ф.Г. Нигматуллин ин кор дар маркази тадқиқотии ноҳияи Ишкошим амалӣ гашт. Дар коллексия ба ғайр аз навъҳои маҳаллии зироатҳои лӯбиёгӣ аз қабили мушунг, боқила, нахӯд, наск, ҳамчунин 69 шакли гуногуни гандуми нарми маҳаллӣ ва 11 шакли кӯтоҳпояи он ҷамъоварӣ шуданд.Таҳлили маводҳои гирдовардашудаи гандум нишон дод, ки онҳо ба 61 шакл ҷудо шуда, 33 — тои онҳо барои захираҳои генетикии пажӯҳишгоҳ нав буда, 14 – тои онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон ва 19 – тои онҳо дар Бадахшони Афғонистон ёфт шудаанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






