Зиёда аз 80 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд
Шаҳраки Сомониён, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев ).- Тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Роҳатӣ, Гулистон ва Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ давом дорад. Рӯйхати 690 нафар эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ тасдиқ карда шудааст.Омодасозии парвандаҳои заминсозӣ барои марҳилаи минбаъда давом дорад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 рақами 336 барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Рӯдақӣ дар масоҳати 2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад.Тақсими ғайриқонунии замин дар ноҳияи Рӯдакӣ пурра манъ карда шуд. Соли гузашта 259 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид. 81,82 гектар, аз ҷумла 62,81 гектар замини обӣ, 5 гектар замини корами лалмӣ аз таҳкурсиҳои бетонӣ ва сангу шағал тоза карда шуда, ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Ҳамчунин 113 ҳолати қонуншиканӣ дар масоҳати 17,76 гектар замин пешгирӣ карда шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






