Ҷашни Наврӯз дар Вена
Душанбе, 24 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 21 марти соли 2012 дар яке аз толорҳои шаҳри Вена Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия ва муассисаи фарҳангию дипломатии «Society»-и Австрия ҳамоиши муштаракеро бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки ходимони сиёсию ҷамъиятии кишвари иқомат, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва бархе аз ҷамъиятҳои Австрия, аз ҷумла тоҷикон барпо карданд. Дар ибтидои маъракаи ҷашнӣ раҳбари муассисаи номбурда Гертруд Тухҳаммер меҳмонон ва ширкаткунандагони чорабиниро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба таври мухтасар бо иди Наврӯз ва анъанаҳои ҷашнгирии он шинос намуд. Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов зимни суханронӣ ва сӯҳбат бо ҳозирин қайд намуд, ки Наврӯзи Аҷам ҳамчун яке аз маросимҳои барҷастаи фарҳангии халқи тоҷик таърихи чандинҳазорсола дошта, то кунун аҳамияташро ҳамчун омили муҳими ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳо ва ҳамкориву созандагӣ гум накардааст. Бо истифода аз фурсат, ӯ ҳозиринро бо барномаи ҷашнии Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои дарпешистода бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони хориҷӣ ошно намуд. Дар ҷараёни чорабинӣ суруду оҳангҳои миллӣ садо доданд ва барои меҳмонон дастурхони идона ороста шуд. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2010 бо ибтикори Намояндагии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказию Озарбойҷон 21 март ҳамчун санаи расмии САҲА ва рӯзи таътил эълон гардида буд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






