Дидори сафири Куба аз ПСС ҶТ
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва сафири Куба дар ҶТ Абелардо Фабио Эрнандес Ферреро масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Куба дар бахшҳои мухталиф мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тавре дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафир дар ҷараёни мулоқот даъватномаи раиси Палатаи савдо ва саноати Кубаро дар мавриди иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии Гавана, ки аз 4 то 10 ноябри соли 2012 баргузор мегардад, ба Шариф Саид супурд.Сипас сафири Куба аз самтҳои содиротии Куба нақл карда, хоҳиш намуд, ки дар бораи имконияти содиротии Тоҷикистон ба ӯ маълумот дода шавад. Дар хотима Шариф Саид аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ҳамчунин гидроэнергетика, канданиҳои фоиданок, сохтмон, фарҳанг, маориф ва туризм нақл намуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






