Дуздии ҷавоҳирот аз бозори «Корвон»
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 8 марти соли 2012 аризаи шаҳрванд М. Махсумова (соли таваллудаш 1963, сокини кӯчаи Набиев, соҳибкори бозори «Корвон») ворид гардидааст. Ҳамон рӯз тахминан соати 12:30 шахси номаълум аз нуқтаи савдои ӯ ҷавоҳироти тиллоиро ҷамъ ба маблағи 2,313 сомонӣ дуздидааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки шаҳрванд Қосимова Ситора Абдуваҳҳобовна (соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Испечак-2, бекор) дастгир карда шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






