Конфронс дар Берлин
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 7 – 8 март ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар Султон Раҳимов ва сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶФО Имомуддин Сатторов дар конфронси «Дипломатияи об барои Осиёи Марказӣ» иштирок намуд. Конфронсро Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон дар шаҳри Берлин доир намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар ҷараёни конфронс намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои оид ба масоили оби кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи марҳалаи аввали Ибтикори бахши об дар Осиёи Марказии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон («Раванди Берлин») – ро, ки аз соли 2008 инҷониб дар амал татбиқ мешавад, мавриди муҳокима қарор доданд. Дар кори конфронс ҳайати Афғонистон низ ба ҳайси мушоҳид иштирок намуд. Аз рӯи натиҷаи конфронс изҳороти муштарак дар бораи ҳамкории минбаъдаи байни Олмон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи ибтикори зикршуда қабул гардид.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






