Лондон-2012: бозиҳои олимпӣ варзишгаронро интизор аст
Душанбе, 20 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирўз дабири кулли Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Баҳрулло Раҷабалиев бо сафири Бритониёи Кабир Робин Орд Смит вохӯрӣ анҷом дод. Дар нишаст масоили марбут ба олимпиадаи тобистона дар Лондон мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Лондон омода аст ҳамчун мизбони ин бозиҳо ҳамкориашро бо Кумитаи миллии олимпӣ дар сатҳи баланд қарор диҳад ва варзишгарони тоҷикро дар қатори соири кишварҳои ҷаҳон хуш бипазирад»- иброз дошт сафир. Баҳрулло Раҷабалиев ҳам изҳори умедворӣ кард, ки шумораи роҳхатдорони бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон рӯзҳои наздик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Алҳол 4 варзишгари мо соҳиби роххат ба бозиҳои олимпӣ гардидаанд ва 3 нафари дигар дар он бо имтиёз ширкат меварзанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






