Муҳоҷират гирифторони бемории силро зиёд намуд
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил» (24-уми март) Вазорати тандурустии кишвар эълон дошт, ки шумораи гирифторони бемории сил нисбат ба чанд соли охир коҳиш ёфтааст. Аммо аз рӯи маълумоти оморӣ ҳанӯз дар кишвар ашхоси ба бемории сил гирифтор наздик ба 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.Ба гуфти мутахассисони Маркази бемориҳои сили шаҳри Душанбе, мардикорӣ дар хориҷи кишвар аз сабабҳои аслии ба ин беморӣ гирифтор шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аст, зеро онҳо аз сабаби шароити номусоиди беҳдоштӣ ва надоштани шароити хуби ҷойи зист ба ин беморӣ мубтало мегарданд. Дигар чизе, ки метавонад сабаби гирифторӣ ба ин беморӣ гардад, риоя накардани қоидаҳои оддитарини санитарӣ аз ҷониби худи шаҳрвандон аст. Сил бемории сироятӣ буда, бо роҳи нафас аз одами бемор ба атрофиён мегузарад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






