«Мулоқоти ду насл»

Март 5, 2012 15:39

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бахшида ба Рӯзи Модар ва 20-умин солгарди узви Созмони милали муттаҳид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии патент ва иттилоот бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Мулоқоти ду насл» доир гардид.Дар чорабинӣ зиёда аз дусад нафар донишҷӯдухтарони фаъоли макотиби олӣ, муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Марҳабо Ҷабборова ва Махфират Хидирова, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Умринисо Казакова ва шоира Меҳринисо ширкат варзиданд. Ҳадафи чорабинӣ таҷлили Рӯзи Модар ва дар ин замина фароҳам овардани имконият ҷиҳати мулоқоти ду насл, яъне ҷавондухтароне, ки ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ завқ доранд ва заноне, ки имрӯз дар масъулияти давлатдорӣ шомиланд, буд.Муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров доир ба паҳлӯҳои ҳаёти кунунии иҷтимои занон, сиёсати ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва инчунин таърихи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, эътироф гардидани он аз ҷониби Созмони милали муттаҳид сухан гуфт. Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Марҳабо Ҷабборова ва Махфират Хидирова, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Умринисо Казакова ва шоира Меҳринисо дар назди ҷавондухтарон суханронӣ намуданд.

Март 5, 2012 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд