Мулоқоти Гул Шералӣ бо Амҷад Ҳусейн Сиал
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Нимаи аввали имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои сохтмони НБО-ҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент, густариш ва фаъол намудани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабуку насоҷӣ ва саноати хӯрокворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба таърихи баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон иброз гардид, ки дар айни замон он барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ирсол гардидааст. Ёдовар мешавем, ки Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба мебошад. Ҷаласаи 4-ум 28 феврали соли 2011 моҳи феврал дар шаҳри Душанбе барпо гардида, баргузории ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Исломобод ба нақша гирифта шудааст. Ҷонибҳо дар маҷмӯъ аз натиҷаи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳанд ёфт.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






