Мусобиқаи волейбол ба шарафи Наврӯз
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи волейболро байни кормандони зерсохторҳояш ташкил кард, ки дар он 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Норак, Шӯроободу Фархор ширкат варзиданд. Бо бартарии холҳо дастаи филиали муассисаи давлатии маркази таҳсилоти калонсолони ноҳияи Фархор соҳиби ҷойи аввал ва дастаи филиали муассисаи давлатии маркази таҳсилоти калонсолони шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.Дар гурӯҳи занон дастаи филиали маркази иҷтимоии соҳибкории шаҳри Норак ғолиб дониста шуд.Дар охири мусобиқа дастаҳои ғолиб ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд ва он дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






