Наврӯз дар Ижевск
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ибтикори созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази ҷамъиятии тоҷикон» ва бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимият шаҳри Ижевски Ҷумҳурии Удмурт дар ин ҷо иди байналмилалии «Салом, Наврӯз» баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ид намояндагони ҷамоаи тоҷикон дар шаҳрҳои Новокузнетск, Челябинск ва ғайра иштирок доштанд.Дар бахши тантанавии ин тадбир табрикномаи сафири ҶТ дар ФР А.Достиев унвонии аъзои тадорукотӣ ва иштирокдорони ид қироат шуд. Дар фарҷом маросими ифтитоҳи намоишгоҳи китоби «Салом, Наврӯз» баргузор шуд, ки дар он китобҳо перомуни таърихи халқи тоҷик, табохии миллӣ, расму оин ва идҳои мардуми кишвар ба маърази намоиш гузошта шуданд.Дар хотима мизи мудаввар доир шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






