Оғози Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012

Март 25, 2012 10:07

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Афғонистону Покистону Эрон ва дигар меҳмонони олимақом дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012, ки дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақом –Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардориро як-як истиқбол гирифта, ба тамошои намоишгоҳи наврӯзӣ даъват намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, намоишгоҳи наврӯзӣ, тибқи анъанаҳои бостонии ниёгон, аз нишонҳои пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармию нармӣ бар сардию тундӣ, рамзҳои покию озодагӣ, хонҳои густурдаи ҳафт сину ҳафт шин, падидаҳои баҳори нозанин, оғози бедоршавии табиати зинда, мавсими кишт ва корҳои дигари саҳроӣ, эҳёи тозаи рӯҳи эҷодкории аҳли илму фарҳанг иборат аст. Дар ин намоишгоҳи дилкаш кишоварзон ва аҳли фарҳанги кишвар маҳсули ҳунарҳои зебо ва эҷодиёти худро пешкаши сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони воломақоми конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 гардонданд. Кори конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 бо аксгирии умумии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва роҳбарони ҳайатҳои расмии дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавии сершумор оғоз ёфт. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 роҳбарон ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ба пойтахти Наврӯзи ҷаҳонӣ-шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Дар ифтитоҳи конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ суханронӣ намуда, бо ифтихору сарфарозии бепоён аз ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонӣ мардуми кулли кишварҳои таҷлилкунандаи Наврӯзи оламафрӯзро табрику таҳният гуфтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 25, 2012 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд