Пешниҳоди электронии эъломияҳо
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва андозсупорандагони ватанӣ муаррифии барномаи махсуси компютерии «Пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ» баргузор гардид. Вазифаи асосии барнома пеш аз ҳама барои андозсупорандагон фароҳам овардани имконият барои пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки барномаи махсуси компютерии «Пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ» аз рӯи технологияҳои клиент-сервер таҳия гардида, ҳаҷми зиёди иттилоотро дар муддати кӯтоҳтарин коркард менамояд. Илова бар ин бартарии барномаи зикршуда аз он иборат мебошад, ки маълумоти дар эъломия қайд шуда ба тариқи автоматикӣ ба ҳисобварақаи андозсупоранда гузаронида шуда, ба телефони мобилии андозсупоранда хабар дар шакли смс равон карда мешавад. Таҳиягари барнома Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз», ки дорои иҷозатномаи махсус барои таҳияи барномаҳои додугирифти маълумоти ошкору пинҳон мебошад, ба шумор меравад. Дар назар аст, ки дар навбати аввал барномаи мазкур дар 30 корхона ба тариқи тестӣ татбиқ мешавад ва баъд аз мукаммал гардонидану бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта он ба таври комил амалӣ мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






