Президенти Эрон ба Тоҷикистон омад
Душанбе, 24 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Тоҷикистон омад. Худи ҳамин рӯз вохӯрии сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод доир мегардад. Дар назар аст, ки Маҳмуд Аҳмадинажод дар чорабиниҳои идонае, ки ба шарафи иди байналмилалии Наврӯз доир мегарданд, инчунин дар кори Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) иштирок намояд. Сафари Президенти Эрон дар Тоҷикистон се рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






