Роҳбари нави Филармонияи давлатӣ тайин шуд
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Тоҷикистон директори нави Филармонияи давлатӣ тайин шуд. Бо фармони вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ Сайбухорӣ Маҷидов директори ин муассисаи санъатию фарҳангӣ гардид. Мавсуф аз ин пеш мансаби директори гурӯҳи эҷодии «Лола» — ро ишғол менамуд.Тавре дар Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов, ки аз ин пеш директори Иттиҳоди дастаҳои ҳунарии Вазорати фарҳанги ҶТ буд, курсии директори гурӯҳи эҷодии «Лола» — ро ишғол кард. Мувофиқи маълумоти манбаъ, собиқ муовини директори Иттиҳоди дастаҳои ҳунарии Вазорати фарҳанги ҶТ Абдурасул Ҳалимов директори он тайин шуд.«Ғайр аз ин бо фармони вазири фарҳанги ҶТ Манасим Мадёров сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ тайин гардид. Ӯ дар ин мансаб Гулмурод Малиевро, ки ба нафақа баромадааст иваз намуд», — зикр намуданд дар Вазорати фарҳанг. Маҳмадулло Қурбонов дар асоси озмун сардори нави шӯъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ тайин гардид.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






