Рушди соҳибкорӣ дар Шӯрообод
Кӯлоб, 13 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Дар ноҳияи Шӯрообод корхонаҳои нави хурди саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Бино ба иттилои раиси ноҳия Амирхон Икромов соли 2011 аз тарафи соҳибкор Қурбон Ниёзов дар ҷамоати деҳоти Саричашма фабрикаи паррандапарварӣ таъсис дода шуд, ки дар он 5000 сар мурғи маҳаллӣ парвариш ёфта, истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ зиёд мегардад. Инчунин дар ҳудуди ин ҷамоат аз тарафи соҳибкор Шариф Назриев фермаи моли майда барои 1200 сар чорво, аз тарафи соҳибкор Ҷумъахон Давлатов фермаи чорвои шохдори калон барои 300 сар таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси фабрикаи паррандапарварӣ ва фермаи чорводорӣ ба ҷойи кори доими ҷалб намудани бекорони ноҳия мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






