Таҷлили Наврӯз дар Лондон

Март 28, 2012 17:34

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар» ). — 24 марти соли ҷорӣ Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир маросими Наврӯзиро дар меҳмонхонаи “Paddington Hilton Hotel”-и ш. Лондон баргузор намуд. Дар толори зебои ин меҳмонхона, ки бо расмҳо, рамзҳои миллӣ ва наврӯзӣ: таомҳои миллӣ, ҳафтсину ҳафтшин, либосу нишонаҳои тоҷикӣ оро дода шуда буд, тақрибан 200 нафар иштирок намуданд. Аз ҷумла, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Украина, Беларус, аъзои Парлумони Британияи Кабир, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва дифоъ, намояндагони донишгоҳҳои Кембриҷ, Оксфорд ва Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Лондон, намояндагони доираи соҳибкорони кишвари иқомат, намояндагони ташкилотҳои ҳукуматию ғайриҳукуматии кишвари иқомат, ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷик аз тамоми гушаю канори Британияи Кабир ширкат намуданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Э.С. Қосимов ҳозиринро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ табрик намуда, ба онҳо хуррамию сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу намуд. Дар давоми барнома сафири Тоҷикистон Ҷамъияти тозабунёди Британия Кабир ва Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки «иштирок ва саҳми ҳар яки шумо дар фаъолияти ин ҷамъият боиси рушду равнақ ёфтани он мегардад». Сипас Президенти ҷамъияти мазкур Баронесса Стерн ҳамагонро бо Иди Наврӯз табрик кард. Инчунин дар ин маросим К.Ҳейн, Директори ташкилоти ғайриҳукуматии VSO дар Тоҷикистон ҳозиринро барои аъзоӣ ба Ҷамъияти Британияи Кабир даъват намуд. Қобили қайд аст, ки як соат қабл аз чорабинии наврӯзӣ бо ташаббуси сафорат ҷамъомади аъзои Ҷамъияти Британия Кабир ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии Баронесса Стерн гузашт. Дар рафти ҷамъомад аъзои он масъалаи интихоби роҳбарият ва тартибу қоидаҳои узвият ба онро матраҳ намуданд. Дар баробари ҳамватанон- шаҳрвандони Тоҷикистон, щаҳрвандони Британияи Кабир аъзои ҷамъияти тозабунёд гардиданд. Инчунин бояд гуфт, ки ин ҷамъияти аввалини тоҷикистониён дар кишвари иқомат буда, ҳадафи аввалини он мусоидат дар рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва маориф мебошад. Қисмати фарҳангии маросими Наврӯзӣ бо ҳунарнамоии донишҷӯёни тоҷики муқими Лондон оғоз ёфт. Дар он донишҷӯён ҳунару маҳорати худро дар овозхонӣ, таблакзанӣ ва навохтани гитор намоиш доданд. Маросим бо баромади овозхони шинохта Ҷонибек Муродов идома ёфт.

Март 28, 2012 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри бостонии Истаравшан аъзои Шурои ҷаҳонии ҳунармандон мешавад
Китоби «Вожаҳои калидии Чин» нахустин маротиба ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАЛАКАИ РОҲБАРӢ». 30 нафар занони болаёқат такмили ихтисос намуданд
Дар шаҳри Истаравшан Фестивали саводнокии молиявӣ доир гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ доир гардид
Масъуд Пизишкиён Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд
Кир Стармер сарвазири нави Британияи Кабир гардид
Муҳандис аз Чин дар бораи бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти ҷолиб дод
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар ин истироҳатгоҳ баъди таъмиру навсозӣ беш аз 800 хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар «Чангоб»-и Ҳисор зиёда аз 130 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуданд