Танатанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 дар Наврӯзгоҳи Душанбе

Март 25, 2012 12:47

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар»). — Танатанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид. Ба муносибати ҷашни 3-юми Наврӯзи ҷаҳонӣ хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то ба даромадгоҳи Наврӯзгоҳ бо намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистони офтобӣ оро ёфтааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Афғонистону Эрону Покистон – Ҳомид Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзони кишвар, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфтаанд, дидан карда, базму тараби идонаро бо аҳли завқу эҷод бо ҳам диданд. Барномаи идонаи ҷашни 3-юми байналмилалии Наврӯз-2012 дар майдони фарохи дохили Наврӯзгоҳи пойтахт бо ворид шудани сарони давлатҳои мазкур ва меҳмонони дигари воломақом оғоз ёфт. Бори нахуст дар ин ҷашнгоҳ, ки баъди навсозӣ дорои 14 ҳазор ҷойи нишаст гаштааст, Наврӯзи хуҷастаи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини театрикунондашудаи устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бо инъикоси беҳтарин ҳунарҳои дилхушӣ, шодию нишоти наврӯзӣ, базми рақсу сурудҳои дилнавоз ва таҷассуми расму оини шӯҳратманди ниёгон истиқбол гирифта шуд. Мавриди зикри хос аст, ки Наврӯзгоҳи Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012 бо ҳунари волои меъморону наққошон ва дигар ҳунармандони хушсалиқаи кишвар зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз – тахти Ҷамшедро гирифтааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 25, 2012 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд