Ҳавои кишвар гарму офтобӣ боқӣ мемонад
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То 21 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму офтобӣ боқӣ монда , ҳарорати ҳаво 3-5 дараҷа баландтар мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Парвина Саидҷамолова, мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дод. Парвина Саидҷамолова афзуд, ки бо сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шимоли кишвар, хусусан мавзеи Майхӯра, ки дар он ҷо зимистони соли ҷорӣ барфи зиёд борид, бо об шудани он омадани сел дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ин давра дар шимоли кишвар -вилояти Суғд шабона 10-15 рӯзона 28-33 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 13-18, рӯзона 30-35 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ шабона 9-14 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Мутахассиси бахши ҳавошиносӣ мегӯяд: гарм омадани ҳавои моҳи апрел дар шароити иқлими Тоҷикистон ҳарорати муқаррарӣ буда, он ба мавсими кишту кор, сабзиш ва наъшунамои олами растанӣ мусоидат менамояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






