«Ҳумо»-ю «Сирандуд» фаъоланд
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар семоҳаи якуми соли 2012 корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва кимиёи тобеи вазорат ба маблағи 46588,4 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13753,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот назар ба ҳамин давраи соли гузашта 141,9 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра якчанд корхонаи саноатӣ, ба монанди КД «Востокредмет», КВД «Садаф», КВД «Тоҷиктекстилмаш», ҶСП «Регаркабел», ҶСП «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот», ҶММ «Системавтоматика», ҶСШК «Сирандуд», ҶСШК «Ҳумо» хуб фаъолият намуда, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро назар ба ҳамин давраи соли 2011 бештар аз 110% таъмин намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






