Ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳа
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 16 апрели соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид. Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар рафти ҷаласа доир ба фаъолияти вазорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо то охири соли 2012 муфассал маълумот дод. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди содирот ва вазъи воридот, такмили низоми пешниҳоди лоиҳаҳо ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ, ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






