Анҷумани «Ҷавонони рақамии Душанбе» дар Душанбе
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- 22 апрел СҶ «Маркази технологияҳои информатсионию коммуникатсионӣ» бо кӯмаки молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Мактаби мустақили журналистика «Тоҷикистон – асри XXI» дар бинои факултаи муштараки Тоҷикистону Украинаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон анҷумани «Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе»-ро баргузор мекунад. Ҳадафи анҷуман оммавӣ кардани истифодаи теҳнологияҳои муосири иттилоотиву иртиботӣ дар байни ҷавонону донишҷӯён барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад. Дар анҷуман иштироки қариб 100 нафар аз шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он дар назар аст. Дар давоми як рӯз ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки бо идеяҳои ҳамдигар доир ба истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ шинос шаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






