Анҷумани «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон»
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – 18 апрели соли 2012 бори нахуст дар вилояти Хатлон дар заминаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ анҷумани донишҷӯён дар соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» баргузор мегардад. Ҳадафи анҷуман фаъолгардонии ҷавонон дар масоили истифодаи технология барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар анҷуман қариб 100 нафар донишҷӯю омӯзгор ва ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон иштирок мекунанд. 20 нафари онҳо лоиҳаву идеяҳои худро доир ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла истифодаи технология дар ВАО, дар рушди иқтисодӣ, дар соҳаи тандурустӣ ва маориф муаррифӣ мекунанд. Муаллифони се лоиҳаи беҳтарин аз ҷониби кумитаи тадорукоти анҷуман мукофотонида мешаванд. Ҳамчунин онҳо имконияти иштирок дар Лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp)-ро, ки моҳи майи соли 2012 дар Қазоқистон баргузор мегардад, пайдо мекунанд. Анҷуманро намояндагии СҶ «Ҷавонони асри 21» дар Кӯлоб дар ҳамшарикӣ бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Маркази фарҳанги ҷавонони Кӯлоб ва ширкати «Мегафони Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






